Ассотсиатсияи истифодабарони шабакаҳои компютерӣ, тадқиқотӣ ва таълимотии Тоҷикистон (TARENA) шабакаи тадқиқотӣ ва таълимотии Тоҷикистон, як ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ин як ташкилоти ҷамъиятиест, ки барои сохтани шабакаи умумимиллии тадқиқотӣ ва таълимотӣ фаъолият менамояд ва ҳадафаш коҳиш додани ақибмонии тадқиқотҳои илмӣ, тавассути пайвастшавӣ бо шабакаҳои пешрафтаи ҷаҳонии тадқиқотӣ ва таълимотӣ мебошад. Шабакаи тадқиқотӣ ва таълимотӣ барои ҷомеаи илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ассотсиатсияи истифодаброни шабакаҳои компютерӣ, тадқиқотӣ ва таълимотии Тоҷикистон TARENA соли 2000 таъсис ёфтааст.
Ассотсиатсияи TARENA бо мақсади ҳалли самараноки мушкилоти дастрасӣ ба интернет барои донишҷӯён, омӯзгорон ва олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Маркази интернетии TARENA дар доираи лоиҳаи «Роҳи виртуалии абрешим» таъсис дода шудааст, ки як қатор давлатҳои Осиёи Марказиро ва Қафқозро фаро мегирад.
Мақсади асосии Ассотсиатсия расонидани хадамоти иттилоотӣ дар асоси технологияҳои интернетӣ ба муассисаҳои тадқиқотӣ ва таълимӣ мебошад.
Пайвастшавӣ ба Шабакаи Тадқиқот ва Таълим (REN) вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шабакаи миллии тадқиқотӣ ва таълимӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.
Кори бефосилаи сомонаи худро тавассути интихоби провайдери хостинги сомонаҳо, ки вақти кори боэътимодро таъмин мекунад, интихоб кунед, то сомонаи шумо пайваста дастрас бошад.
Eduroam дастрасии осон ба шабакаро ҳангоми боздид аз муассисаҳои тадқиқотӣ ва таълимотии ҷаҳон таъмин мекунад.
Мо серверҳои маҷозии баландсифатро бо таносуби беҳтарини нарх пешниҳод менамоем (бо NVMe SSD-ҳо ва RAM босуръат).