Мо кистем?

Мо кистем?

Шабакаи тадқиқотӣ ва таълимотии Тоҷикистон, як ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ин як ташкилоти ҷамъиятиест, ки барои сохтани шабакаи умумимиллии тадқиқотӣ ва таълимотӣ фаъолият менамояд ва ҳадафаш коҳиш додани ақибмонии тадқиқотҳои илмӣ, тавассути пайвастшавӣ бо шабакаҳои пешрафтаи ҷаҳонии тадқиқотӣ ва таълимотӣ мебошад.
Шабакаи тадқиқотӣ ва таълимотӣ барои ҷомеаи илми-тадқиқотӣ ва таълимотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Биниш, вазифа ва ҳадафҳо

Биниш
Ташкили ҷомеаи ба дониш асосёфта тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ва шабакаи фарохмаҷрои баланд.
Миссия
Таъсиси шабакаи баландсуръат бо ҷомеаҳои миллӣ ва глобалии тадқиқотӣ ва таълимӣ (R&E).
Ҳадафҳо
Таъсис додани шабакаи баландсуръати тадқиқотӣ ва таълимотӣ барои рушди шабакаи миллии ҳисоббарорӣ барои тадқиқот ва таълим.
Донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои тадқиқотиро ба шабакаи миллии тадқиқотӣ ва таълимотӣ пайваст кардвн ва барои истифода бурдани манфиатҳои шабакаи пешрафтаи тадқиқотӣ ва таълимотӣ ташвиқ кардан.
Шабакаи пешрафтаи Asia Pacific Network (APAN) -ро ҳамчун инфрасохтори асосии ТИК барои оғози таҳқиқоти пешрафта дар кишварҳо истифода бурдан.
NREN-ро ҳамчун маркази дониш барои дастгирии ташаббусҳои хуби ТИК таъсис додан.
Бартараф кардани мушкилоти маҳдудиятҳои захираҳо тавассути пешниҳоди дастгирии инфрасохтор ва инчунин ҳалли пайвастшавӣ барои дониш ва иттилоот.
Санҷиш ва татбиқи технологияҳои шабакавӣ ва барномаҳои гуногун, ки ба коҳиш додани мушкилоти фавқулодаи миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд.